Оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа бартараф мегарданд

Июнь 29, 2023 09:25

ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.  Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои оилаҳои зарардидаи соҳили дарёи Шохдара, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани манзилҳои  сокинони зарардида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки дар доираи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мавзеи офати табиӣ сафар намуда, бо зарардидагон аз наздик суҳбат намуд.

Таъкид гардид, ки аз лаҳзаҳои аввали офати табиӣ дар ноҳия вазъият таҳти назорати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолии зери хатар қарордошта,  бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои зарардида чораҳои таьхирнопазир андешида мешаванд.

Ҳамчунин Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар Роштқалъа  бо ҷалби роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Ёдовар мешавем, ки вобаста ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва бо суръати тез об шудани барф дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  сел ба амал омада, зарари зиёд  расонид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 29, 2023 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд