Охири тобистон қитъаи роҳи мошингарди «Гулистон – Кӯлоб» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қитъаи «Гулистон – Меҳробод»-и роҳи мошингарди «Гулистон – Кӯлоб», ки 3,2 километрро ташкил медиҳад, то охири моҳи август ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус зимни боздиди Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии ин қитъаи роҳ иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, мутахассисони муассисаҳои зертобеи вазорат айни замон қитъаи «Гулистон – Меҳробод»-ро аз муоинаи техникӣ гузаронида, ҷиҳати таъмиру барқарорсозии он харҷномаи иҷрои корҳоро омода намуданд.
Ҳоло иҷрои корҳо дар кандани асфалти кӯҳна дар ҳаҷми 3040 м3, кашонидани он ба миқдори 6080 тонна ба масофаи 1 км, тахту ҳамвор кардани қисмати замини роҳ ба масоҳати 15200 м2, мустаҳкам намудани таҳкурсии роҳ ба масоҳати 11200 м2 ва кашонидани шағали табиӣ дар ҳаҷми 300 м3 ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби муассисаҳои зертобеи вазорат дар ин роҳ иҷрои корҳои сохтмонию навсозӣ босуръат идома дошта, ҳаракати нақлиёт дар ин масир таъмин аст.
Ба муассисаҳои машғули кор супориш дода шуд, ки дар муддати 10 рӯз омодасозии таҳкурсии қитъаи роҳро ба анҷом расонанд.
Тавре дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид: «соли 2023 дар вилояти Хатлон сохтмону таҷдили роҳҳои мошингарди «Гулистон – Кӯлоб» 32,5 километр, «Данғара – Гулистон» 49,2 километр, «Гулистон – Фархор» 40 километр, «Бохтар – Левакант – Данғара» 40 километр, инчунин 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд 52 километр ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем 4,6 километр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз мегарданд. Рушди соҳаи нақлиёти мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард ва табдил додани Тоҷикистон ба давлати транзитӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст».
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






