Пагоҳ дар Хуҷанд Форуми соҳибкории G5 баргузор мегардад

Июнь 21, 2023 18:56

ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-Экспо -2023» Форуми соҳибкории G5 баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи умумӣ ва кадрҳои Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди  соҳибкории Тоҷикистон Муҳаммаднасим Розиқов иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки ҳадафи Форуми соҳибкории G5  баланд бардоштани малакаҳои соҳибкорони ҷавон, ҳавасманд ва ҷалби онҳо ба  фаъолияти соҳибкорӣ ва мусоидат ба рушди  иқтисоди миллӣ мебошад.

Интизор меравад, ки  дар Форум  беш аз 650 нафар  соҳибкорону ҷавонон, намояндагони мақомоту  идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 21, 2023 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд