«ПАЙҒОМИ ДӮСТӢ». Таҳти ин унвон китоби нави академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш нашриёти «Ilm-Ziyo-Zakovaт»-и шаҳри Тошканд китоби «Пайғоми дӯстӣ»-ро аз чоп баровард, ки ба қалами академик Абдуҷаббор Раҳмонзода тааллуқ дорад.
Китоби «Пайғоми дӯстӣ» бо ду забон – тоҷикӣ ва узбекӣ ба теъдоди 1000 нусха нашр шудааст ва равобити адабии халқҳои тоҷику узбекро мавриди баррасӣ қарор додааст. Тавре дар муқаддимаи он гуфта шудааст, тоҷикон аз ҷумлаи мардуми бумӣ ва қадимии Осиёи Марказӣ буда, бо осори арзишманди таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии худ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузоштаанд. Ин мероси ғанӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ташакккул ёфта, қисми зиёди он ҳамчун ганҷинаи бебаҳо то замони мо расидаанд.
Академик дар идома нигоштааст, ки тамаддуни мазкур аз давраи ориёиҳо сарчашма гирифта, дар заминаи се маниши бузург: рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек рӯ ба ташаккул овардааст. Тоҷикон бо чунин сиришти пок бо қавму қабилаҳои гуногун робитаи дӯстона барқарор карда, дар фазои сулҳу субот ба сар бурдаанд.
«Мардуми тоҷик бо узбекҳо муносибати хуб барқарор карда, дар бисёр набардҳои сангин паҳлӯи ҳам истода, алайҳи ишғолгарону истилогарон мубориза бурдаанд ва аз хеш шуҷоату мардонагӣ нишон дода, марзу буми худро аз душманони аҷнабӣ ҳифз намудаанд. Ҳунармандону меъморонаш дар ҳамкорӣ шаҳру шаҳристон, кӯшку қалъа, мадрасаву масҷид, ҳисору манора, роҳу пул ва гулгашту хиёбонҳо бунёд намудаанд», — навиштааст муаллиф.
Ба таъкиди муаллиф, дӯстии халқҳои тоҷику узбек дар замони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба таври шоиста рушд карда, хусусияти ибратомӯз касб намудааст. Рафоқату муҳаббати ин ду шахсияти беназири таърихӣ аз доираи шогирдиву устодӣ ба дараҷаи пириву муридӣ расида, ба ҳар ду ҳакими даврон муяссар шудааст, ки илмҳои замонро аз худ намудаву онро ба дигарон низ тарғиб кунанд.
Дар китоб омадааст, ки Мир Алишери Навоӣ бо қадрдонии хос, назми вологуҳар, ибораҳои рӯҳбахшу сабки баёни возеҳ симои нотакрори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро чунин васф менамояд:
Дар боғи сухан шукуфтаварде,
Дар ояти фан варақнаварде,
Қадраш, ки ба арш суда поя,
Афканда ба рӯи меҳр соя.
Наълайни варо малак кунад ҳал,
Бар дарди сараш чунонки сандал….
Номист ба номи Абдураҳмон,
Овоза вале ба Ҷомияш дон.
Аз ту раҳи илм машъале ёфт,
Ойинаи файз сайқале ёфт,
Дар ҷамъи сулук ҳастӣ мумтоз,
Фойиз туро ба файз файёз…
Аз файзи ту баҳраманд олам,
Қурбони ту оламеву ман ҳам.
Дар идома хонандаи китоб метавонад доир ба дӯстиву рафоқат ва ҳамкории адабии миёни устод Садриддин Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода бо Шароф Рашидов, Ғафур Ғулом ва Зулфия, Саттор Турсуну Эркин Аъзам, инчунин нақши бузургу адибони ду халқ, мисли Эркин Воҳидов, Абдулло Орифов, Ҷонибеки Қувноқ, Паймон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Ҷаъфари Муҳаммад ва дигарон дар тараннуми дӯстиву рафоқат маълумотҳои зиёд дастрас намояд.
Дар китоб оид ба саҳми Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ дар рушди мақомхонӣ низ фикрҳои ҷолиб гуфта шудааст. Вай аз бузургтарин сароянда ва навозандаи даврони худ ёдоварӣ гардидааст, ки бо танбӯр мақоми «Рост», «Ироқ», «Гулёр», «Орази Гулёр», «Бебокча», «Ушшоқ», «Ушшоқи Самарқанд», «Уффори ушшоқ», «Бозаргонӣ» ва амсоли онро бо садои дилкаш сароидааст.
Ҳамкории миёни мактабҳои мусиқии Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Тошканд, Хоразм, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва нақши онҳо дар рушди «Шашмақом» алоҳида тазаккур ёфтааст.
Дар давраи истиқлол як идда овозхонони тоҷику ӯзбек ба унвонҳои баланди давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мушарраф гардидаанд. Ба таври мисол Давлатманди Хол ва Адҳам Холиқов бо фармони Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев соҳиби унвони баланди «Ҳунарпешаи мардумии Узбекистон» ва бо амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон овозхонҳо Мардон Мавлонов, Шералӣ Ҷӯраев ва Матлуба Дадабоева сазовори унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» шудаанд.
«Тоҷикону Узбекон ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Гузашта аз ин, дар давлатҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории тоҷику узбек мебошанд», — нигоштааст А.Раҳмонзода.
Дар китоби мазкур доир ба робитаҳои соҳаҳои гуногуни ду халқ, мисли табъу нашр, кинематография, тарҷумаву тафсир, рушди ҳамкориҳои байни дастаҳои ҳунарӣ ва амсоли он низ маълумотҳои зиёдеро пайдо кардан мумкин аст. Китоби «Пайғоми дӯстӣ», ки зери таҳрири доктори улуми филология Олимҷон Давлатов чоп шудааст, барои дӯстдорони адабиёт ва фарҳанг пешниҳод шудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
АКС: «Овози тоҷик»








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






