Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Маркази ташхисию табобатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисию табобатиро дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд.
Иншооти соҳаи тандурустӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов дар давоми 7 моҳ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.
Ҳайати омӯзгорони доимӣ 45 ва муваққатӣ 22 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази ташхисию табобатии ноҳияи Ховалинг беш аз 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.
Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин бисёр намуди таҳлилҳоро гузаронанд.
Ҳар як ҳуҷра ва нуқтаҳои хизматрасонии Маркази ташхисию табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи беморон фароҳам аст.
Таҷҳизоти маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг муосир буда, аз хориҷи кишвар ворид гардидааст.
Ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ 8 намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад.
Ҳамчунин дар марказ барои қабули беморон 10 кати хоб мавҷуд аст.
Ҳадаф аз таъсиси марказ дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ва гузаронидани машғулиятҳои донишҷӯён мебошад.
Акнун аз хизматрасонии марказ ҳам сокинони ноҳия метавонанд васеъ истифода намоянд ва ҳам донишҷӯёни коллеҷ таҷрибаомӯзӣ кунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар маркази нави ташхисию табобатӣ баҳои арзанда дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос роҳнамоӣ намуданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд






