ПИСТА ДАР МАЙДОНИ 30 ГЕКТАР. Корея дар Тоҷикистон лоиҳаеро барои бунёд ин боғ ва беҳтар намудани сифати тухмии он амалӣ намуда истодааст
ДУШАНБЕ, 19.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории он ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ намудан дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ мебошад. Мавриди ёдоварист, ки Хадамоти ҷангали Корея дар мамлакат Лоиҳаи барқарорсозии ҷангалро бо муваффақият татбиқ менамояд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Бо мақсади пешгирии биёбоншавӣ ва хушксолӣ, инчунин афзоиши даромади аҳолӣ аз соли 2020 инҷониб бо маблағгузории Хадамоти ҷангали Корея дар Тоҷикистон Лоиҳаи барқарорсозии ҷангал амалӣ гардида истодааст.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии хоҷагии ҷангал татбиқ гардида, барои бунёди боғи саноатии писта дар майдони 30 гектар ва беҳтар намудани сифати тухмии он равона шудааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, марказҳои тухмипарварӣ, иншооти зерсохторӣ, гармхонаҳо барои парвариши ниҳолҳои ҷинсҳои гуногуни ҷангал, аз ҷумла писта бунёд шуданд ва 210 ҷойи кории муваққатӣ ҳамасола барои сокинони маҳал таъсис дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми лоиҳа низ аз тарафи Хадамоти ҷангали Корея маблағгузорӣ шуда, аз моҳи августи соли 2023 оғоз шуда то моҳи декабри соли 2027 идома меёбад. Он дар ҳудуди хоҷагиҳои ҷангали вилояти Суғд, ноҳияи Хуросон ва атрофи шаҳри Душанбе амалӣ хоҳад шуд.
Ҳадафи ниҳоии лоиҳаи мазкур парвариши навъҳои ояндадори писта, ташкили коллексияи онҳо ва афзоиш додани даромаднокии аҳолӣ мебошад.
Ҳамчунин дар доираи Лоиҳа барои кормандони хоҷагии ҷангал ва донишҷӯёни ихтисоси ҷангал бо мақсади беҳтар ва бештар намудани донишҳои назариявӣ, табодули таҷрибаи амалӣ барномаҳои омӯзишӣ низ гузаронида мешаванд.
Чанде пеш дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар мавзӯи «Усулҳои ташкили боғҳои саноатии писта дар заминаи ҷангалҳои худрӯй ва ниҳолҳои аз тухмӣ сабзонидашуда» машғулияти омӯзишӣ доир гардид.
Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Ҳисайнов изҳор намуд, ки барномаи омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои амалӣ ва назариявии кормандони хоҷагии ҷангал ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҷиҳати парвариш ва шинонидани ниҳолҳои писта, аз худ кардани усули беҳтар намудани ҳолати рушди дарахтони чандинсола ва тартиби нигоҳ доштани боғҳои хушсифати писта равона шудааст.
Намояндаи Ҷумҳурии Корея, менеҷери Лоиҳаи «Барқароркунии ҷангал ва беҳтар намудани некуаҳволии мардум дар Тоҷикистон» Сеҷин Ҷу иштирокдорони барномаи омўзиширо бо фаъолият ва рафти татбиқи лоиҳа, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ мешавад, шинос кард.
Номбурда гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон барои бомуваффақият дар амал татбиқ намудани Лоиҳа ҳавасманд аст ва онро дастгирӣ менамояд.
Сеҷин Ҷу изҳор намуд, ки иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар барномаи омӯзишӣ хеле муҳим мебошад, зеро бунёд намудани боғҳои писта дар ояндаи наздик маҳз бо саҳми мутахассисони соҳа, ки донишҳои амалӣ ва назариявӣ доранд, амалӣ карда мешавад.
Сипас мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Ғалчибеков оид ба фонди давлатии ҷангал, ҷангалзори писта дар ҳудуди мамлакат, таърихи барқароркунии онҳо маълумоти муфассал дод.
Номбурда доир ба интихоби майдон барои парвариши тухмӣ ва ниҳолҳо, ниҳолҳои яксолаи писта дар халтаҳои полиэтиленӣ ва навъҳои писта тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.
Мутахассиси Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Хадамоти ҷангал С. Шомуродова оид ба ҳашароте, ки ба рушди ниҳоли писта зарар мерасонанд, роҳҳои мубориза ба муқобили бемориҳо ва ҳашароти зараррасон маълумот дода, тарзи муғҷапайванди пистаро ба донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар амал нишон дод.
Бояд тазаккур дод, ки Лоиҳаи мазкур дар яке аз ҷангалзори пистаи ноҳияи Хуросон, ки солҳои пеш аз сўхтор пурра зарар дида буд, амалӣ карда мешавад.
Кормандони Хоҷагии ҷангал ва роҳбарияту мутахассисони Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Хадамоти ҷангал дар баробари парвариши ниҳолҳои нав, бо истифода аз решаҳои дарахтони куҳансоли писта пайванд гузаронида, барои бунёди боғи нави писта дар заминаи ҷангали сўхта саҳми назаррас мегузоранд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «ХОВАР»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






