Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 19, 2023 19:43

ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳаммияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии давлати мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду давлат таъкид гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкории байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима намуданд.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду давлат таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.

Дар баробари ин Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду давлатро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкории амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз таъкид намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин 19.06.2023

Июнь 19, 2023 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд