Сарчашмаи бунёдкорию созандагӣ ва пешрафту шукуфоӣ аз сулҳу ваҳдат аст
ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази шаҳри Ҳисор доир шуд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлати тоҷикон, таъмину таҳкими соҳибихтиёрии мамлакат ва барқарорсозиву пойдории Ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Дар ҷамъомад тазаккур дода шуд, ки сулҳу ваҳдат волотарин арзиши маънавии умумибашарӣ маънидод гардида, ҷавҳари онро ақлу хиради халқу миллатҳо ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, баракати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ рушди босубот таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат зина ба зина беҳтар мегардад ва бо саъюу талоши ватандӯстонаи халқамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо қадамҳои устувор ба пеш меравем.
Сокинони шаҳри Ҳисор чун дигар мардумони ҷумҳурӣ бо шукргузори аз соҳибистиқлолию сулҳу ваҳдат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳм мегиранд ва барои амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саъю талош менамоянд. Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор ва Шарора, деҳоти Ориён, Деҳқонобод, Сомон, Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ Мирзо Ризо, ба номи Мирзо Турсунзода ва Навобод ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, таъмиру тармими роҳҳо ва дигар корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад, ки бозгӯи гуфтаҳост.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор фаъолон Сипосномаи Раиси шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






