Ширкати муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба фаъолият шуруъ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ба фаъолият шуруъ намудани Ширкати муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Узбекистон Шӯҳрат Вафоев дар Тошканд баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки Сафири Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои ҳалли он ва ҳарчи тезтар ба фаъолият шуруъ намудани ширкати муштаракро муҳим арзёбӣ намуд.
Ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд /ҶДММ/ бо сармояи оинномавии ибтидоии 12 миллион доллар таъсис ёфта, ҳаҷми сармояи он марҳила ба марҳила то 100 миллион доллари амрикоӣ расонида мешавад.
Ҳиссаи Фонди таҷдиду рушд дар ташаккули сармояи оинномавии он 75 фоиз ва ҳиссаи ҷониби Тоҷикистон 25 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳадафи ширкати сармоягузорӣ маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, барои омӯзиш ва дастгирӣ ба Роҳбари Фонди таҷдид ва рушди Узбекистон пешниҳод гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






