Тағйирёбии иқлим парвози тайёраҳоро мураккаб гардонидааст
ДУШАНБЕ, 11.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи хулосаи олимони Донишгоҳи Рединги Британияи Кабир, бо сабаби тағйирёбии иқлим ҷараёни ҳавои гарм турбулентияти тайёраҳоро зимни парвоз 55 фоиз зиёд мекунад, ки ин дар навбати худ боиси пурхатар ва гаронтар шудани парвози тайёраҳо мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба агентии иттилоотии «Рамблер» хабар медиҳад.
«Турбулентияти ҷараёни ҳаво идораи тайёраҳоро дар осмон мушкилтар ва худи парвозро пурхатар мекунад. Ширкатҳои ҳавонавардиро мебояд ҷиҳати бартараф кардани афзоиши турбулентияти ҷараёни ҳаво тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро ҳавонавардон барои аз минтақаҳои хавфнок берун кардани тайёраҳо маҷбур мешаванд, ки хати сайрро тағйир диҳанд, ки дар натиҷа танҳо дар ИМА ширкатҳои ҳавонавардӣ ҳамасола аз 150 миллион то 500 миллин доллари ИМА зарари моливӣ мебинанд— навиштааст нашрияи «The Guardian».
Олимон муайян кардаанд, ки гармшавии босуръати иқлим ба парвози тайёраҳо аз ҳама бештар таъсири манфӣ мерасонад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






