Таҷрибаи Ваҳдати миллии тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст
ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи Ваҳдати миллии тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, барои ҳалли мушкилоти дохилии дигар давлатҳо аз ҷониби созмонҳои гуногуни байналмилалӣ таҳти омӯзиш қарор дорад». Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» доир шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, иштирокдорони ҳамоиш доир ба Ваҳдати миллӣ, сарчашмаи сулҳу оромиш ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон, оид ба таърих ва саҳми Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи авиатсия пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати тоҷикон сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон миллати тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт, давлат аз нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардид, дар рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта шуд. Дар замони муосир истиқлол ва ваҳдат волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ба шумор рафта, пос доштани ин неъмати беназир, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва мероси бойи сиёсиву маънавии роҳи давлатсозӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки маҳз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ буд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи авиатсия рушд ёфт ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин раванд бо иштироки Сарвари давлат ба истифода додани аэровокзал, терминали нав, терминали боркашонӣ, толори замонавии қабулу гусели меҳмонон ва манораи назоратии танзимӣ бо таҷҳизоти муосир, алалхусус таҷҳизоти аэронавигатсионӣ, далели гуфтаҳои боло мебошад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






