ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 июн, шанбе, 168-умин рӯзи соли 2023 аст
17 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфтанд.
***
12 сол пеш, 17 июни соли 2011 дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Гурӯҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ мушкилоти вобаста ба об дар минтақаю ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писару духтарони ятим мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
***
17 июни соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё (БРО) Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд. Пас аз мулоқот Шиксин Чен дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳорӣ андеша намуд: «Тӯли солҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё тақрибан 1,8 миллиард доллари ИМА ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумакҳои техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ҷудо гардидааст».
17 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии биёбоншавӣ ва хушксолӣ
***
Дар Индонезия — Рӯзи кӯдакон.
***
Дар Испания — Рӯзи Истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
17 июни соли 2013 дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент коргоҳи холисгардонии тилло дар назди ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» ифтитоҳ ёфт.
***
9 сол пеш, 17 июни соли 2014 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ба имзо расид.
***
17 июни соли 2020 Кумитаи тадорукоти 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё – Санйа-2020 тарҳи медалро муаррифӣ кард. Ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бозиҳо иштирок карда, сазовори 5 медал – 1 тилло, 4 биринҷӣ гаштааст. Медали тиллоро дар Пҳукет Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар намуди кураш ба даст овардааст. Дар ҳамин бозиҳо Саидҷалол Саидов дар намуди кураш ва Ҷомӣ Латифов дар намуди муайтай сазовори медали биринҷӣ гардидаанд. Ду медали дигари биринҷиро Фирӯз Давлатов ва Азизҷон Азизов дар Маскат дар намуди бодибилдинг сазовор гаштаанд.
***
63 сол муқаддам, 17 июни соли 1960 дар Помир маркази табобатии «Гармчашма» ифтитоҳ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2019 дар доираи баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 то 17 июн дар намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Саёҳат ба хотири Сулҳ» асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов ба намоиш гузошта шуданд. Рассом дар ин намоишгоҳ ду асари худ- «Мақбараи Шоҳи зинда» ва «Самарқанди кӯҳан»- ро манзури меҳмонони ин чорабинии сатҳибаланди байналмилалӣ гардонид.Дар намоишгоҳи мазкур 45 рассом аз 22 давлати ҷаҳон иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.
***
Соли 2020 вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷлосия масъалаҳои марбут ба Созишномаҳо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод)», оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд», оид ба маблағгузорӣ Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ, лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва ғайраҳоро баррасӣ намуданд.