ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, душанбе, 170-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 19, 2023 08:00

19 июни соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи навбунёди «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуд, ки  он дорои 3 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Майдони асосии «Қасри варзиш» тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ 24 метр паҳноӣ ва 44 метр дарозӣ дошта, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқоти вазнбардорӣ, волейболу баскетбол, бокс, гимнастикаи варзишиву бадеӣ, гӯштини тарзи озод ва амсоли онҳо имконияти васеъ дорад.

***

10 сол қабл, 19 июни соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Хуҷанд бо рафти сохтмон ва таҷҳизонидани  нахустин кӯдакистони президентӣ шинос шуданд. Ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа бо 5 бинои дуошёна барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки биноҳо боистифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ сеошёна карда шуда, шумораи кӯдакон ба 1000 нафар расонда шавад.

***

19 июни соли 2017  дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии рушд  ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки  давоми 20 соли охир аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонки Осиёгии рушд ба калонтарин шарики рушди мамлакат табдил ёфтааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку» маросими супоридани «Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ»  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

19 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии футболи кӯдакона.

***

Дар Кувайт иди умумимиллӣ — Рӯзи истиқлолият

 РӮЙДОДҲО:

 19  июни соли  2014  дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Форуми ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён»  оғоз гардид. Дар он доираи васеи меҳмонон аз ҷумҳуриҳои  Қирғизистон, Қазоқистон, Хитой , Русия ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  иштирок намуданд.

***

 21 сол пеш, 19 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. 

***

10  сол қабл, 19 июни соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТӢ»- ифтитоҳ гардид.

***

19 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2013  вакилони Маҷлиси намояндагон  лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе -«Шаҳри бехатар»-ро баррасӣ намуданд. Ҳадафи Созишномаи мазкур таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити амн барои ҳамлу нақли бор ва мусофирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон аст. Ҳаҷми умумии татбиқи лоиҳаи мазкур 22,9 миллион $-и амрикоиро ташкил дода, он дар зарфи 20 сол баргардонида мешавад. Мавриди ёдоварист, ки ин санад зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар моҳи майи соли 2013 ба имзо расидааст.

***

Соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Июнь 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст