ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июн, сешанбе, 171-умин рӯзи соли 2023 аст
20 июни соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони ИДМ ба Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
11 сол пеш, 20 июни соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, аз тамоми давлатҳоро даъват намуданд, ки тавассути амалҳои мушаххас дар соҳаи об ва санитария чораҳои зарурӣ андешанд. Сарварвари давлат таъкид намуданд, ки соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об пурсамар ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои бадастомада дар солҳои минбаъда барои некӯаҳволии мардум ва муҳити зисти устувор истифода шаванд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе байни Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Кэтсин доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй анҷом дода шуд.
***
10 сол қабл, 20 июни соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази фарҳангу фароғати Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияи он машварати васеи корӣ доир намуд. Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд тайи солҳои охир ва дар 5 моҳи соли 2013 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуд. Сипас Пешвои миллат дар ин ҷо ба 175 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
***
20 июни соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли биноҳои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, бо лоиҳаи онҳо бевосита шинос шуд ва ба сохтмон оғози расмӣ бахшиданд. Иттилоъ дода шуд ки ин ҷо дар майдони қариб 10 га биноҳои бисёрошёнаи таълимӣ, 2 хобгоҳи донишҷӯӣ бо 700 ҷойи хоб, як бинои истиқоматӣ бо 48 хонаи як ва дуҳуҷрагӣ барои омӯзгорону афсарони академия, маҷмааи варзишӣ ва бисёр биною иншооти дигар бунёд мегардад. Бо сохтмони биноҳои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шумораи донишҷӯёни он аз 2,5 ҳазори ҳозира оянда то ба 5 ҳазор расонда мешавад.
20 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рўзи байналмилалии паноҳандагон.
***
Рӯзи байналмилалии нигоҳдории филҳо дар боғи ҳайвонот.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони хоҷагии газ.
***
Дар Аргентина — Рӯзи Парчами миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 июни соли 2008 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
***
5 сол муқаддам, 20 июни соли 2018 дар Душанбе Конференсияи дурӯзаи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» кори худро оғоз намуд.
***
20 июни соли 2018 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин мулоқот намуд.
***
20 июни соли 2020 553 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар хуруҷи Ковид -19 баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Узбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Гуфта шуд, ки дар асоси банди 5-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 дар чумҳурӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.