ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июн, чоршанбе, 172-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 21, 2023 08:00

21 июни соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштирокдорон бо як овоз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бразилия Дилма Русефро ҳамраиси Конференсия интихоб намуданд.

***

10 сол пеш, 21 июни соли 2013 дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли  вақти  Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» номгузорӣ шуд.

21 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии йога.

***

Рӯзи ҷаҳонии варзиши скейтбординг.

***

Дар Русия — Рӯзи кинологҳо.

***

Дар Дания ва Гренландия — Рӯзи миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

21 июни соли 2012 масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.

***

10 сол қабл, 21 июни соли 2013 мувофиқи қатъномаи Сессияи 37-уми Комитети Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пном-Пени пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа аввалин номинатсияи табиии ҷумҳурӣ «Парки милли Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Бо намояндагӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ  вазири вақтии  фарҳанги Тоҷикистон, раиси Коммиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО аҳли сессияро барои дастгирии давлати  мо самимона сипосгузорӣ намуд.

***

7 сол қабл, 21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бузургтарин Маркази тиҷоратӣ — «Душанбе мол» ба истифода дода шуд.

***

21 июни соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ  дар бахши сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни  Душанбеву Тошканд, таъсиси «Хонаи савдо» — и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва  «Хонаи савдо»-и Тошканд дар Душанбе мароқ зоҳир намуданд.

***

21 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019» ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин, Афғонистон, ҳамчунин соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе низ иштирок намуданд. Дар доираи баргузории ярмаркаи  мазкур  Форуми якумини ҳунармандон низ доир гардид.

***

21 июни соли  2020 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шоми 20 июн, баъд аз 30 соли таваққуф нахустин қатораи мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба самти Тошканд равона гардид. Дар маросими ифтитоҳи хатсайри қатораи мусофирбар дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Роҳандозии ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар масири Тоҷикистон ва Узбекистон натиҷаи саъю талошҳои Сарварони ҳар ду давлати ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2010 дар  шаҳри  Шанхайи Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  фаъолияти намоишгоҳи  байналхалқии  «ЭКСПО  2010»  давом дошт.    21  июн толори  Тоҷикистонро  дар  намоишгоҳи  мазкур  шахси  миллионум  тамошо  намуд. Ӯ   донишҷӯи  соли  чоруми  факултаи  барномасозии  демографии  Донишгоҳи  ғарбии  шаҳри  Сиан Хуан Чуан Феи  23 —  сола  буд. Корманди  толори  Тоҷикистон  соати  16  дар  ҳузури   садҳо  нафар   тамошобинон,  намояндагони   воситаҳои  ахбори  оммавӣ ва  роҳбарони  намоишгоҳ  тамошобини  миллионуми  толорро  боз дошт.  Ҳама  ӯро  табрик  намуданд. Директори  толори  Тоҷикистон  дар  намоишгоҳи байналмилалии  «ЭКСПО 2010»  Одил  Сангов  ба  тамошобини  миллионум    лавҳаи «Тасвири  манзараи  Тоҷикистон» — ро  туҳфа  намуд. Хуан  Чуан  Фей  гуфт, ки   то  имрӯз  дар  бораи  Тоҷикистон  маълумоти  кофӣ  надошт. Акнун  ба  туфайли  тамошои  намоишгоҳ  дар  бораи  Тоҷикистон  маълумоти  зарурӣ  ба  даст  овард.

Июнь 21, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст