ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июн, якшанбе, 176-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 25, 2023 08:00

25 июни соли 2016 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардида, аз рафти корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии   «Мотравн» -и Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан намуданд. Нерӯгоҳи мазкур аввалин иншооти энергетикӣ дар ҷумҳурӣ  маҳсуб меёбад, ки он маҷроӣ буда, тавлиди барқ аз оби равони дарё вобастагӣ дорад. Ин нерӯгоҳ бо иқтидори 300 киловат соат дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ дувумин нерӯгоҳи хурди барқӣ ба ҳисоб меравад.

***

Дар ин рўзи соли 2016 Сарвари давлат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Бадахшон ба деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушон ташриф оварда, аз раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ин мавзеъ шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии мудҳиши  7-уми декабри соли 2015, дар 11 деҳаи водии Бартанг ҷамъ 132 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида буданд. Шуруъ аз лаҳзаҳои аввалини рӯй додани офати табиӣ бо супориши Президенти мамлакат дар ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил шуда, корҳои бартарафсозӣ оғоз гардиданд.

***

7 сол пеш,  25 июни соли 2016 дар доираи сафари корӣ  ба  Бадахшон Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон  шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки 16-17 июли соли 2015 дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа манзили зисти 82 оилаи деҳаи Барсем корношоям гаштанд. Барои  82 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем  дар маҳаллаи Питовдашт манзилҳои нави истиқоматӣ сохта шуд, ки маблағи умумии хароҷотшуда барои бунёди онҳо  2 миллиону 400 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

***

25 июни соли 2019  дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш  Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ  намуданд. Муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ рамзи давлатдории қадимаи тоҷикон бо пояаш 8 метрро ташкил медиҳад. Он аз ҷониби ҳунармандон ва ҳайкалсозони Донишкадаи рассомии  мамлакат  сохта шудааст. Нишони давлатӣ дар ин майдон  бо баландии 14 метр сохта шудааст.

25 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Мозамбик — Рӯзи Истиқлолият.

***

 Дар Русия- рӯзи кормандони омор.

***

Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.

***

Дар Филиппин — Рӯзи дарахтшинонӣ.

РӮЙДОДҲО:

25 июни соли 2007  дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

25 июни соли 2008  хатти барқи «Лолазор-Хатлон» ифтитоҳ гардид.

 ***

9 сол пеш, 25 июни соли 2014   аз соати 17 то 19 -30 дақиқа дар саҳни майдони 800- солагии Москваи пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор, ки 26 июн мебошад, ҳамоиши оммавӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо мақсади муборизаи дастаҷамъона бар зидди  ин падидаи номатлуб – нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир роҳандозӣ шуд.

***

25 июни соли 2017 дар арафаи Иди Саиди фитр дар асоси дастуру супоришҳои инсондӯстонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе кӯмаки яквақтаи моддии Сарвари  давлатро тақдим намуда, барои бошандагон дастархони идона оростанд. Нахуст  Раҳмон Озода Эмомалӣ ба 100 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюб, нафақахӯр ва нафароне, ки дар зиндагӣ ба ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат ниёз доранд, 1000 сомонӣ туҳфаи идонаи Пешвои миллатро тақдим намуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ… 

Соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ошёнаи аввали бинои мақомот  14 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 270 ҷойи нишаст воқеъ аст. Дигар маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм қарор дорад. Илова бар ин дар ошёнаи дуюм боз 13 утоқи дигари корӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ мавҷуд мебошад. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин маблағ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда шуда, дар корҳои сохтмонӣ ҳам асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд.

Июнь 25, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш