ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июн, чоршанбе, 179-умин рӯзи соли 2023 аст
28 июни соли 2022 дар Қасри миллат музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид. Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
Дар ин рўзи соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари корӣ дар мамлакати мо қарор доштанд, бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Баҳор», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.
***
28 июни соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғ расми гузашти низомӣ ва намоиши техикаҳои ҳарбӣ доир гардид. Дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Хоруғ ҳамзамон техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи туб ва дигар лавозимоти ҷангие, ки ҳайати ҷузъу томҳои ин гарнизон мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.
***
7 сол пеш, 28 июни соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Пеш аз натиҷагирӣ аз сафари бобарору созандаи корӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнону Ишкошим, ки аз 25 то 28 июн ҷараён дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои умумимиллӣ — 19 — умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат аз пазироии самимии сокинон ва вусъати корҳои созандагии мардуми заҳматкаши вилоят изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
28 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» шинос шуданд. Дар инҷо Сарвари давлат нахуст аз сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд. Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» то ин замон аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.
28 ИЮН:
Дар Қазоқистон — Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот.
РӮЙДОДҲО:
28 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
***
Дар ин рўзи соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба тасвиб расид.
***
28 июни соли 2015 дар марҳилаи аввали мусобиқоти Лигаи миллии футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ, чемпиони мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ «Вахш-»и Қўрғонтеппаро бо натиҷаи 5 бар 0 мағлуб намуд.
***
28 июни чоли 2021 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки он ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур 6 даста — варзишгарони шиновар аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Афғонистон ва минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам сабқат намуданд. Дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибони намудҳои варзиши шиноварӣ муайян гардида, дар маросими тантанавӣ бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
***
28 июни соли 2012 ҳайати Палатаи савдо ва саноати (ПСС) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 8 – уми тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қошғар иштирок намуд. Дар намоишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон молу маҳсулоти 100 ширкати фаъолияташон гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ…
Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд. Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл дар мавзеи хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар замин сохта хоҳад шуд.