ТАВАҶҶУҲ! Дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали қабули хонандагон оғоз гардид

Июнь 15, 2023 10:13

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар Литсейи равияи  табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали қабули хонандагон аз синфи як то ёздаҳ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо хонандагон ва падару модари онҳо мулоқот намуд.

Ректори донишгоҳ оид ба имконият  ва шароити литсей ба хонандагон ва падару модари онҳо маълумот дода, таъкид намуд, ки Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво буда, синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар Литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, дар онҳо барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад.

Дар баробари ин, дар Литсей омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорандаи унвонҳои илмидошта ба толибилмон дарс гуфта, ҷиҳати беҳдошти сифати таълиму тарбияи хонандагон, ҳавасманд сохтани толибилмон ба китобхонӣ, роҳнамун сохтани онҳо ба озмунҳои фаннӣ ва ҳунаромӯзӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ пайваста кӯшиш менамоянд.

Бинои нави Литсейи равияи таббиию риёзӣ аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маҳсуб ёфта, ба ин васила дар Литсей барои азбаркунии ҳамаҷонибаи илмҳои табиию риёзӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 13 марти соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои шоистаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди маориф, тарбияи дурусти хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, азбар кардани нозукиҳои технологияи компютерӣ, соҳибкасб шудан ва омӯзондани забонҳои хориҷӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июнь 15, 2023 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст