Тавсеаи ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Озарбойҷон дар Боку матраҳ шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мулоқоти роҳбарияти ҳар ду бонк дар Боку баррасӣ гардид.
Тавре дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи мулоқот тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ тавассути табодули маълумот ва таҷриба, шиносоӣ бо ислоҳоти дар низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳандозишуда, ҳамчунин баррасии масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва таҳкими ҳамкории минбаъдаи байнибонкӣ мебошад.
Мусоҳибон аз фазои сиёсиву иқтисодии фароҳамгардида, ки ба густариши робитаҳои дуҷонибаи ду давлат мусоидат менамояд, изҳори хушнудӣ намуданд. Фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, омӯхтани таҷрибаи Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои низоми назорати суғуртавӣ, рушди бозори сармоя, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), рушди бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва дурнамои гузариши пайдарпай ба ҳисоббарбаркуниҳо бо асъорҳои миллии ҳарду давлат аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҷониби Озарбойҷон оид ба омӯзиши таҷрибаи роҳандозии бонкдории исломӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Изҳор гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бонкдории исломӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуда, заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия гардидааст ва минбаъд низ такмил дода мешавад.
Гуфта шуд, ки кормандон ва мутахассисони Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд ба курсҳои омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои бонкдории исломӣ, ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкили ҳуҷҷатгузории электронӣ ва идоракунии он, ки баргузории онҳо дар моҳи августи соли 2023 дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок намоянд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






