«Тоҷикистон дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар устувор аст», — бардошт аз мизи мудаввар

Июнь 26, 2023 13:30

ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар, ки 26 июн мебошад, мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, дар  ҳамоиш​ намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, коршиносон, шарикони рушд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки талошҳои Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кумаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср ​бисёр назаррас мебошанд.

Гуфта  шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар устувор буда, корҳои дар ин самт анҷомдодашуда,​ пеш аз ҳама, ба нафъи амният ва солимии ҷомеа равона шудаанд.

Иброз гардид, ки нашъамандӣ​ душмани ҳаёти солим буда, пешгирӣ​ намудани ин вабои аср, пеш аз ҳама, ба воситаи боло бурдани маърифати тиббии мардум, ҳамкории судманд​ бо сохторҳои масъул ва​ шарикони рушд ба даст меояд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2023 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад