Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» 25 июн зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо муовини Комиссари кулли ин намоишгоҳ хонум Тамозир Муҳаммад ал-Мулло баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд.
Ба мақсади таъмини иштироки бахши хусусӣ, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва фароҳам сохтани шароиту зарфиятҳои мусоид барои иштироки онҳо ва инчунин муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва танзими чорабиниҳои фарҳангию таблиғотӣ дар ҳошияи ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ Қарордоди ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» аз 2 октябри соли 2023 то 28 марти соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа баргузор мешавад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






