ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалии муҳити зист дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати ташаббускор эътироф гардидааст». Чунин иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист, ки 5 июн мебошад.
Мавсуф афзуд, ки соли гузашта барои мардуми тоҷик соли фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад, зеро 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо дастгирии аксарияти кишварҳои ҷаҳон қабул кард. Дар қатъномаи мазкур ба ғайр аз эълон гаштани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баргузор гардидани конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 21 март пешбинӣ гардидааст.
Ба андешаи Баҳодур Шерализода, дастгирӣ ёфтани иқдоми панҷуми глобалии Тоҷикистон аз ҷониби СММ барои давлати Тоҷикистон шарафи бузург аст. Дар радифи ин, Тоҷикистон масъулияти азимро дар пешбурди масъалаҳои иқлим, ҳифзи муҳити зист ва вусъати ҳамкории байналмилалӣ ба зимма гирифтааст.
«Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз вазъи кунунии муҳити зист ва хатарҳои зиёновари экологии давлати худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд. Айни ҳол дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд, ки қисмати бештари ин корҳоро кабудизоркунию хуррамгардонии мамлакатмон ташкил медиҳанд. Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи умумиҷумҳуриявии кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғҳои кӯҳна, гулзоркунии боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳо қариб тамоми фаслҳои сол гузаронида шуда истодааст. Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, садҳо гектар боғҳои наву гулгаштҳо бунёд мегарданд, ки ин амали неки мардумамон барои озодагию хуррамгардонии Ватанамон мусоидат менамояд»,-афзуд номбурда.
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки бо табиат оқилона муносибат кардан, ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат намудан, вазифаи ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, мақомоти ҳифзи муҳити зист, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ҳар як коллективи меҳнатӣ уҳдадор аст, ки баҳри тарбияи маърифати экологии аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонону наврасон тадбирҳои муассир андешанд. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем мушкилоти ҳифзи муҳити зистро, ки ҳаёти орому солимии ҳамаи мо аз он вобастагии калон дорад, ҳаллу фасл намоем.
Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» – и пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист барномаи идонаи фарҳангию фароғатӣ барпо менамояд.
Дар барномаи идона намоиши эҷодии хонандагону донишҷӯён ташкил гардида, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»








Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба муносибати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон гузашти идона доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
КИШТИ ТАКРОРӢ. Чӣ тавр аз як замин ду ё се ҳосил ба даст оварем?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: «Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад»






