Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»

Ноябрь 26, 2026 10:43

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ ба гиромидошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷик — Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегарданд.

Дар робита ба аҳаммияти ин чорабиниҳо, ҷойгоҳи осори илмӣ ва адабии ин ду донишманди бузург дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва зарурати омӯзиши мероси онҳо дар замони муосир мухбири АМИТ «Ховар» бо забоншинос, адабиётшинос ва муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон, профессор, доктор Ҳамидуллоҳ Муфид, ки дар ин чорабиниҳо иштирок дорад, суҳбат анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Шумо аз чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ ба бузургдошти мероси Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чӣ таассурот бардоштед?

Ҳамидуллоҳ Муфид: Пеш аз ҳама, мехоҳам барои иштирок дар ин ҳамоиши муҳим изҳори сипос намоям. Таассуроти ман аз он хеле амиқ ва умедбахш аст. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ман шоҳиди як падидаи ҷолиб гардидам: намояндагони миллатҳо, забонҳо ва мактабҳои гуногуни илмӣ гирди номи ду шахсияте ҷамъ омаданд, ки мероси онҳо на танҳо ба як миллат ё минтақа, балки ба тамоми инсоният тааллуқ дорад.

Ба назари ман, аҳаммияти чунин ҳамоишҳо танҳо бо баргузории маърузаҳо ва мубодилаи афкор маҳдуд намешавад. Онҳо имкон медиҳанд, ки мероси бузургони гузашта аз дидгоҳи илми муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, робитаи байни тамаддунҳо ва фарҳангҳо боз ҳам мустаҳкам гардад.

Ибни Сино ва Умари Хайём  шахсиятҳои таърихӣ буда,  андеша, осор ва ҷаҳонбинии онҳо имрӯз низ мавриди омӯзиш қарор доранд. Вақте мо аз ин ду донишманд сухан мегӯем, дар асл на танҳо ба гузашта менигарем, балки дар бораи ояндаи илму маърифат, тафаккур ва инсоният андеша мекунем.

АМИТ «Ховар»: Кадом ҷанбаҳои мероси илмӣ, фалсафӣ ва адабии ин ду мутафаккири бузург барои ҷаҳони муосир аҳаммияти бештар доранд?

Ҳамидуллоҳ Муфид: Агар кӯтоҳ гӯям, Ибни Сино ба мо тарзи андешидан ва Умари Хайём ба мо ҳикмати зиндагиро меомӯзанд. Абуалӣ ибни Сино дар рушди тафаккури мантиқӣ, фалсафа, тиб ва омӯзиши масъалаҳои ҳастӣ саҳми бузург гузоштааст. Осори машҳури ӯ, аз ҷумла «Ал-Қонун фи-т-тиб» ва «Китоб-уш-шифо» на танҳо ёдгориҳои таърихи илм, балки сарчашмаҳои муҳими омӯзиши масъалаҳои инсон, дониш, маърифат ва ҳастӣ мебошанд. Масъалаҳое, ки ӯ дар осораш матраҳ кардааст, имрӯз низ барои муҳаққиқон аҳаммияти худро гум накардаанд.

Умари Хайём бо андешаҳои фалсафӣ ва рубоиёти пурмазмунаш инсонро ба андешидан дар бораи ҳаёт, гузариши вақт, ҳақиқат ва маънои ҳастӣ водор мекунад. Баъзан як рубоии ӯ метавонад андешаеро ифода намояд, ки барои шарҳи он садҳо саҳифа матн зарур мешавад. Ӯ бо забони мухтасар, вале пурмаъно масъалаҳои амиқи зиндагиро ба миён мегузорад.

Ба назари ман, паёми муштараки ин ду мутафаккир барои замони мо хеле муҳим аст. Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки саршор аз иттилоот, суханҳои зиёд ва садоҳои гуногун аст. Дар чунин шароит осори онҳо моро ба андешаи амиқ, интихоби сухани дуруст ва ҷустуҷӯи ҳақиқат раҳнамун месозад. Яъне муҳим на зиёд сухан гуфтан, балки андешаи арзишманд ва маънодор баён кардан аст.

 АМИТ «Ховар»: Чунин чорабиниҳои байналмилалӣ то чӣ андоза метавонанд дар муаррифии мероси фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм гузоранд?

Ҳамидуллоҳ Муфид: Тоҷикистон дар ҳошияи ин мероси бузург қарор надорад, балки яке аз марказҳои муҳими тамаддуни тоҷику форс мебошад. Абуалӣ ибни Сино дар деҳаи Афшана, наздикии Бухоро ба дунё омадааст. Умари Хайём осори адабии худро ба забони форсӣ эҷод кардааст. Ин забон дар ташаккул ва рушди фарҳангу адабиёти тоҷик ҷойгоҳи бунёдӣ дорад.

Вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Париж аз Ибни Сино ва Умари Хайём ёд мекунад, ҳамзамон ба таърихи илму фарҳанги минтақаи Хуросони бузург ва ҷаҳони форсизабон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Барои Тоҷикистон чунин чорабиниҳо имконияти арзишманданд, то саҳми таърихӣ ва фарҳангии худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Ин ҳамоишҳо ҳамчунин нишон медиҳанд, ки мероси илмӣ ва адабии гузашта танҳо ба таърих тааллуқ надорад. Он метавонад дар рушди маориф, тарбияи насли ҷавон, таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ нақши муассир дошта бошад.

АМИТ «Ховар»: Донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии Аврупо, ба хусус Олмон дар омӯзиш ва муаррифии минбаъдаи мероси Ибни Сино ва Умари Хайём чӣ нақш дошта метавонанд?

Ҳамидуллоҳ Муфид: Аврупо ва махсусан Олмон дорои анъанаҳои ғании таҳқиқоти филологӣ, фалсафӣ ва тиббӣ мебошанд. Донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ин кишвар метавонанд дар омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи мероси ин ду мутафаккир саҳми назаррас гузоранд. Ба назари ман, дар ин самт се масъала муҳим аст.

Аввал, омӯзиши матнҳои аслӣ. Мо набояд танҳо ба тарҷумаҳои осори гузаштагон такя кунем. Зарур аст, ки муҳаққиқон ба матнҳои аслӣ, сохтори забонӣ, решашиносии вожаҳо ва заминаҳои таърихии ташаккули андешаҳои онҳо рӯ оваранд. Баъзан таҳқиқи як вожа ё мафҳум метавонад дар бораи таърихи забон ва робитаҳои фарҳангии халқҳо маълумоти муҳим диҳад.

Дуюм, мероси Ибни Сино бояд на танҳо ҳамчун мавзуи таърихӣ, балки дар робита ба масъалаҳои илми тиб ва фалсафаи муосир низ омӯхта шавад. Андешаҳои илмии ӯ барои дарки таърихи ташаккули донишҳои инсонӣ аҳаммияти хос доранд.

Сеюм, бояд ҳамкории мустақими донишгоҳҳои Олмон ва Тоҷикистон густариш дода шавад. Ташкили барномаҳои муштараки илмӣ, кафедраҳои ҳамкорӣ, нашри таҳқиқоти академӣ, баргузории конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ ва табодули муҳаққиқон метавонанд барои омӯзиши амиқтари ин мерос замина фароҳам оваранд.

Илм марз надорад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ метавон ба натиҷаҳои нави илмӣ расид ва ганҷинаи маънавии гузаштагонро ба наслҳои оянда интиқол дод.

АМИТ «Ховар»: Ҳамкории байналмилалии илмӣ ва фарҳангӣ дар ҳифз ва интиқоли ин мероси муштарак  ба наслҳои оянда чӣ аҳаммият дорад?

Ҳамидуллоҳ Муфид: Ин ҳамкорӣ на танҳо муҳим, балки зарур ва ҳаётан муҳим аст. Ягон миллат наметавонад чунин мероси бузургро танҳо ҳифз ва ба таври комил омӯзад. Дастхатҳои қадимӣ, нусхаҳои осори илмӣ ва адабӣ дар китобхонаҳо ва марказҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Душанбе, Теҳрон, Истанбул, Париж, Берлин ва Оксфорд маҳфузанд. Ҳамзамон мутахассисоне, ки қобилияти хондан, таҳқиқ ва шарҳи ин осорро доранд, дар кишварҳои гуногун зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.

Агар ҳамкории илмӣ вуҷуд надошта бошад, имконоти зиёди таҳқиқотӣ аз даст мераванд. Дар натиҷа, муҳаққиқон метавонанд бо такрори корҳои пешина маҳдуд шуда, насли ҷавон низ тадриҷан таваҷҷуҳи худро ба ин мерос аз даст диҳад.

Аммо ҳамкории байналмилалӣ имкон медиҳад, ки донишҳои гузашта бо дастовардҳои илми муосир пайванд дода шаванд ва аз онҳо андешаҳои нав ба вуҷуд оянд.

Ба назари ман, ҳифзи воқеии мерос танҳо дар нигоҳ доштани китобҳо ва дастхатҳо дар осорхонаю китобхонаҳо ифода намеёбад. Муҳим он аст, ки андешаҳои дар ин осор таҷассумёфта дар зеҳни насли ҷавон ҷой гиранд, мавриди омӯзиш қарор гиранд ва дар ҳаёти маънавию илмии ҷомеа идома ёбанд. Танҳо дар ин ҳолат мероси гузаштагон зинда мемонад.

АМИТ «Ховар»: Шумо ба мардуми Тоҷикистон дар робита ба ҳифз ва муаррифии мероси ин ду донишманди бузург чӣ паём доред?

Ҳамидуллоҳ Муфид: Паёми ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон ин аст, ки шумо соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастед ва бояд ин меросро ҳамчун сарвати бебаҳои таърихию фарҳангӣ ҳифз намоед.

Нагузоред, ки фарзандони шумо Ибни Сино ва Умари Хайёмро танҳо ҳамчун номҳое дар китобҳои дарсӣ бишносанд. Ба онҳо фаҳмонед, ки Ибни Сино намунаи бузурги тафаккури илмӣ ва маърифат аст ва Умари Хайём бо шеъру андешаҳои фалсафии худ ба зиндагии инсон маънои амиқ мебахшад.

Ба насли ҷавон як рубоӣ, як мафҳум ва ё як андешаи ин бузургонро омӯзонед, аммо бо муҳаббат ва шарҳи дуруст. Баъзан як даста гули зебо ва бодиққат интихобшуда аз садҳо гули бетартиб арзиши бештар дорад. Дар омӯзиши мероси гузаштагон низ муҳим на танҳо миқдори маълумот, балки дарки амиқи маънои он аст.

Забони худро ҳифз намоед, зеро тавассути забон осори Ибни Сино ва Умари Хайём то имрӯз ба мо мерасад ва нафаси фарҳангу тамаддуни гузаштагонро эҳсос мекунем.

Агар шумо ин меросро ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол диҳед, на танҳо таърихи худро гиромӣ медоред, балки барои шинохти бештари фарҳангу тамаддуни худ дар ҷаҳон низ саҳм мегузоред.

Бо эҳтиром ва муҳаббати самимӣ ба мардуми Тоҷикистон!

Таҳияи Пайрав ҚОСИМ,
 АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2026 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд