Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, хусусан парвариши лочин густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 09.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва муҳити табиии онҳо ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санади мазкур ҳамкории ду давлатро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, ҳифзи муҳити зист, парвариши лочин, мубодилаи стратегия ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории экологии вобаста ба шикори танзимшаванда ва назорати меъёрҳои онҳоро густариш медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд, ки онҳо дар тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Қатар нақши муассир хоҳанд гузошт.
Ёдовар мешавем, ки лочин (Falco peregrinus), паррандаи соҳибчанголест (аз оилаи Falconidae), ки дарозии танаш 40—50 см ва вазнаш 500—1000 граммро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон ин парандаро дар қаторакӯҳҳои Ҳисор, Боботоғ, Оқтоғ ва ноҳияҳои ба онҳо ҳамшафат вохӯрдан мумкин аст.
Лочин дар Осиёи Миёна аз замонҳои қадим чун парандаи шикорӣ ром карда мешавад. Бо ёрии ин паранда аҳолии маҳаллӣ кабк, рӯбоҳ, харгӯш, кафтар ва дигар ҳайвонҳоро шикор мекунанд. Лочин парандаи нодир аст. Вай ба «Китоби сурхи ҳайвонҳои нодир ва нестшаванда»-и байналхалқӣ дохил карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






