Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон рушд медиҳанд

Июнь 20, 2023 08:38

ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Ёддошти тафоҳуме, ки 8 июни соли равон  дар доираи сафари давлатии Амири Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ байни ҳукуматҳо ба имзо расид, ҳамкории дуҷониба дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон рушд меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ёддошти тафоҳум ба амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон байни Тоҷикистон ва Қатар, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ нигаронида шуда, барои омода намудани лоиҳаҳои муштарак, нақшаҳо ва ҷорӣ кардани дастовардҳои илмиву техникӣ дар соҳаи меъморию сохтмон ва инфрасохтор заминаҳои ҳуқуқии муносиб фароҳам меорад», — иброз доштанд дар Кумита.

Бояд тазаккур дод, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохторро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2023 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд