Тоҷикистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Минск директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд.
Тавре дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду мақомот Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расонида шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки созишномаи мазкур барои таҳкими равобити байни ду мақомот дар ҳалли мушкилоти марбут ба коррупсияи фаромиллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






