Тоҷикистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Июнь 10, 2023 10:26

ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Минск  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд.

Тавре дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду мақомот Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расонида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки созишномаи мазкур барои таҳкими равобити байни ду мақомот дар ҳалли мушкилоти марбут ба коррупсияи фаромиллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2023 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад
Осонкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
«СУҒД-2026». Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо баргузор мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ баргузор гардид
Дар доираи RES-2026 дар Остона таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд