Тоҷикистон ва Русия раванди музокирот доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду давлатро ба анҷом расониданд

Июнь 20, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Москва мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду давлат  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо оид ба густариши муносиботи  тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду мамлакат, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар анҷом Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта ба имзо расонида шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд