Тоҷикистон ва Шветсия ҳамкории дуҷонибаро дар самти тағйирёбии иқлим ва об баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Люксембург мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Шветсия Тобиас Биллстрём баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла самтҳои муҳимми ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Шветсия, тағйирёбии иқлим, обу энергетика, муносибот дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 26 июн дар шаҳри Люксембург ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






