Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар ҳошияи ҷаласаи 68- уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) оид ба Аврупо (CEU) дар шаҳри Софияи Булғористон раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Дабири кулли Созмон Зураб Пололикашвили мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусоҳибон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ҷалби мушовирони байналмилалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» дар назди Кумитаи рушди сайёҳӣ яке аз мавзуъҳои суҳбат буд.
Дар зимн даъват карда шуд, то Дабири кулли Созмон дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2024», ки баргузориаш дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2024 дар назар аст, иштирок намояд.
Даъват аз ҷониби Дабири кулли Созмон бо хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки рӯзи муайяни иштироки худро дар форуми мазкур дар чаласаи Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, пешниҳод менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ гардида, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз марҳилаи шомилшавӣ бо роҳбарият ва коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда, дар кори ҷаласаҳои Созмон иштироки фаъолона дорад.
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои рушди соҳа аввалиндараҷа ва саривақтӣ арзёбӣ менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






