Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд

Июнь 3, 2023 09:36

ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар ҳошияи  ҷаласаи 68-  уми Комиссияи  Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) оид ба Аврупо (CEU) дар шаҳри Софияи Булғористон раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Дабири кулли Созмон Зураб Пололикашвили мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусоҳибон  масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ҷалби мушовирони байналмилалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» дар назди Кумитаи рушди сайёҳӣ яке аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Дар  зимн даъват карда шуд, то Дабири кулли Созмон дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2024»,  ки баргузориаш дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2024 дар назар аст,  иштирок намояд.

Даъват аз ҷониби Дабири кулли Созмон бо хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки рӯзи муайяни иштироки худро дар форуми мазкур дар чаласаи Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, пешниҳод менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ гардида, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз марҳилаи шомилшавӣ бо роҳбарият ва коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда, дар кори ҷаласаҳои Созмон иштироки фаъолона дорад.

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ  ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  самти пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои рушди соҳа аввалиндараҷа ва саривақтӣ арзёбӣ менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2023 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад