Тоҷикистон ва Туркия дар самти илмиву пажӯҳишӣ байни ниҳодҳои тадқиқотӣ ҳамкориро густариш мебахшанд
ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ҳамкории илмиву пажӯҳишӣ байнни ниҳодҳои тадқиқотии ду давлатро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки бояд ҳамкории илмиву пажуҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои пажуҳишӣ ва зеҳнии Ҷумҳурии Туркия густариш ёбад. Барои ин кор бояд дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад.
Ӯ изҳор дошт, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо марказҳои зеҳнӣ ва пажуҳишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия ҳамкории илмӣ ва табодули таҷриба намояд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар дар навбати худ ба рушди робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Туркия баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Ӯ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалинҳо шуда Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.
Номбурда аз муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии халқҳои Тоҷикистон ва Туркия ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус бахши иқтисодиёту тиҷорат, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.
Сафир изҳор намуд, ки Сафорати Ҷумҳурии Туркия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар байни марказҳои зеҳниву таҳлилии Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажуҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду давлати дӯсту ҳамфарҳанг аст.
АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






