Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсуси Берлин 3 варзишгар намояндагӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлин Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ – Берлин 2023 (Special Olympics World Games) ҷараён доранд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 варзишгар намояндагӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.
Дар чорабинии байналмилалӣ ҳудуди 7000 варзишгарони риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар 26 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.
Варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи махсуси Берлин дар рақобатҳо оид ба ду намуди варзиши сабук – давидан ва тенниси рӯйи миз иштирок менамоянд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов, ки дар маросими расмӣ ҳузур дошт, варзишгарони тоҷикро ҳангоми гузашти умумӣ дар варзишгоҳи олимпии Берлин истиқбол намуда, ба онҳо ҷиҳати иштирок дар сабқатҳо комёбиву музаффарият таманно намуд.
Гурӯҳи аз тоҷикони муқими Берлин ва аъзои оилаи дипломатҳои тоҷик низ барои мухлисии варзишгарони ҳамватани худ ба майдони варзишӣ омаданд.


Нахустин Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ соли 1968 дар Чикаго доир гардида, ҳамакнун мусобиқаҳо дар чор сол як маротиба дар кишварҳои мухталиф гузаронида мешаванд. Дар умум 5,2 миллион варзишгарон аз 174 кишварҳо ба ин ҷунбиш дохил ҳастанд.
Бозиҳои умумиҷаҳонӣ бузургтарин чорабинии бисёрсоҳавӣ дар Олмон пас аз Бозиҳои олимпии соли 1972 дар Мюнхен буда, маротибаи аввал дар Олмон баргузор мешавад.
Бозиҳои умумиҷаҳонӣ таваҷҷуҳи бештарро ба татбиқи амалии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ҷалб карда, имкони иштироки бештари онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан дар варзиш фароҳам меоварад.
Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ – Берлин 2023 (Special Olympics World Games) 25 июн ба анҷом мерасанд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






