«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН». Дар Академияи миллии илмҳо нақши созгори ин китобро дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик таъкид намуданд

Июнь 15, 2023 15:13

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Маркази «Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат» дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Консепсияи омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» доир гашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Акадимияи милли илмҳои Тоҷикистон ба номи А. Дониши хабар доданд.

Изҳор карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи воқеии таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созгорро муҳайё сохта, ба марҳалаи комилан нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт. Маҳз дар ҳамин давра муаррихони ҷумҳурӣ ба пажӯҳиши саҳифаҳои ноаён ва берун аз доираи таҳқиқ мондаи таърихи халқи тоҷик рӯ оварда, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд.

Баромадкунандагон муҳимтарин омили созгор дар самти таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷикро пеш аз ҳама дар таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанги суннатии аҷдодӣ унвон намуданд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки ба чоп расидани силсилаи таҳқиқоти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» қадами ҷиддие дар шинохти таърихии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ташаккулу пешрафти тамаддуни минтақа ва ҷаҳон мебошад.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Июнь 15, 2023 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад