ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. Ҷамъи 14: дар Тоҷикистон толорҳои алоқа зиёдтар шуданд

Июнь 15, 2023 16:55

ДУШАНБЕ, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тӯли панҷ моҳи соли 2023 МегаФон Тоҷикистон 14 толори нави фирмавиро ифтитоҳ намуд. Шабакаи фурӯши ширкатро нуқтаҳо дар Душанбе ва НТМ, Хатлон ва вилояти Суғд пурра намуданд. Хизматрасониҳои онҳо ҳам ба муштариён, ҳам ба сокинони дигари мамлакат  нигаронида шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хабар доданд.

Миқдори хизматрасониҳои асосӣ ва иловагии ширкат пайваста афзоиш меёбад. Дар толорҳои алоқа сокинон имкон доранд, ки тавозуни телефонро пур кунанд, қарзҳо ва маблағи хизматрасониҳои ХКМ-ро пардохт кунанд, маблағ интиқол диҳанд, дастгоҳҳои мобилӣ харанд.

Мутахассисони МегаФон ҳамеша омода ҳастанд, ки оид ба тарзи пайвасткунии интернети ноқилии хонагӣ ё дастраскунии маблағи нақд аз корт бо ёрии хизматрасонии «Cash Out” маълумот диҳанд. Амали охиринро инчунин метавон бевосита дар толори оператор бо пешниҳоди шиноснома ва корти бонкии худ «Корти миллӣ”  анҷом дод. Барои истифода аз бисёри хизматрасониҳо мизоҷи ширкат будан шарти ҳатмӣ нест.

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ толорҳоро дар тамоми  ҷумҳурӣ  ифтитоҳ менамояд. Аз оғози сол ҳафт суроға дар харитаи Суғд ва чор суроғаи дигар дар харитаи Хатлон пайдо шуданд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабакаи фурӯшҳо бо идораҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав пурра гардиданд. Дар шаҳри Душанбе толорҳои нав дар ноҳияи Фирдавсӣ – кӯчаи Саъдии Шерозӣ 6 таъсис ёфтааснд

Интихоби ҷойҳо барои толорҳои фирмавӣ на танҳо бо теъдоди муштариёни дар наздикӣ истиқоматкунанда муайян карда мешавад. “Сокинони ноҳияҳо ба  шаҳракҳо омада харид мекунанд, ё аз муассисаҳои давлатӣ боздид менамоянд. Толорҳои мо асосан дар наздикии мағозаю бозорҳо, бонкҳо ва биноҳои маъмурӣ қарор гирифтаанд. Ин имкон медиҳад, ки масъалаҳои “мобилӣ” ва маишӣ раҳораҳ, ҳамчуноне, ки мизоҷон аз мегаполису марказҳои ноҳиявӣ мекунанд, ҳал карда шаванд”, — шарҳ медиҳад роҳбари хадамоти фурӯшҳо ва хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Сунатулло БОБОЕВ.

Суроғаи наздиктарин толори фирмавии алоқаро метавон аз сомонаи оператор пайдо намуд.

АКС: «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 15, 2023 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст