Вобаста ба вазъи иҷроиши «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2023 ба маблағи 4898,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба буҷети соли 2022 ба маблағи 567,0 млн сомонӣ зиёд мебошад. Соли равон барои сохтмону навсозии биноҳои маъмурӣ ва таълимӣ барои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ маблағи 17,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст, ки маблағгузории он тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ шуда истодааст. Дар ин хусус зимни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Вазъи иҷроиши «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он», ки имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа роҳбарияти вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Итиҳодияи милии маъюбони Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, пайваста барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсони имконияташон маҳдуд зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробон мондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошанд.
Аз рӯи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023, дар ҷумҳурӣ 159 ҳазору 146 нафар маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 32 ҳазору 382 нафарро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии маъюбони ҷумҳурӣ 12 ҳазор маъюб истифодабарандаи аробача, 9000 ҳазор маъюби бо мушкилоти шунавоӣ ва суханронӣ ва 8000 маъюби бо мушкилоти биноӣ ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта шуд, ки мушкилие, ки имрӯз кӯдакони шунавоиашон суст ба он бештар рӯ ба рӯ мешаванд, набудани мутахассисони логопед аст. Бояд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Гузашта аз ин дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як маркази дастрас ва таъмини таҷҳизоти шунавоӣ фаъолият дорад, ки он ҳам дар маркази шаҳри Душанбе қарор дорад. Бояд ақалан дар ҳудуди вилоятҳо чунин марказҳо фаъолият намоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






