Дар Хоруғ Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон)» дар шаҳри Хоруғ баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин, аз ҷумла афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ дар вилоят, обҳои шифобахш омили рушд, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул, маконҳои таърихиву фарҳангӣ -муаррифии вилоят, рушди сайёҳии куҳнавардӣ ва шикор, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба баргузории конференсияи мазкур доир гардид, ки масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он баррасӣ гардид.
Тазаккур дода шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.
Мавҷудияти ҷойҳои таърихиву табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир ба рушди сайёҳии минтақа мусоидат менамоянд.
Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти соҳа ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ будани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳои муассир меандешад.
АКС аз манбаъҳои боз








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд






