2500-СОЛАГИИ «ТАХТИ САНГИН». Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои таҷлили ин ҷашни таърихӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» таҷлил мешавад, ки дар робита ба ин аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ дод Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ёдгории таърихии «Тахти Сангин» дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Вазири фарҳанг иброз намуд, ки «дар айни замон корҳо дар ёдгории таърихии «Тахти Сангин» идома дошта, барои таҷлили ин ҷашни таърихӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаем. Аз ҷумла, аз тарафи Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармим, барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо пеш бурда шуда истодаанд. Вазорат тасмим гирифтааст, ки барои болопӯш намудани ин ёдгории таърихӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонад.
Дар охир пешниҳод гардид, ки моҳи августи соли равон барои рӯзноманигорон ба ин мавзеъи таърихӣ саёҳати фарҳангиву сайёҳии дохилӣ ташкил шавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






