35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич мумфаршкунии роҳ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 июл дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ба корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар медиҳад.
Иқдоми мазкур аз ҷониби сокинони деҳаи Меҳробод ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ гардида, дарозии роҳи мумфаршшаванда якҷо бо кӯчаҳои ҳамшафати он 6 километр ва паҳноияш 5 метрро ташкил медиҳад.
Дар оғозбахшии корҳои мумфаршкунӣ роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Деваштич корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сокинон барои истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.
Роҳбарияти ноҳия ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супориш доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Деваштич








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






