35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хоруғ бунёду навсозии иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини пурраи сокинони шаҳри Хоруғ бо қувваи барқ ва бо оби тозаи ошомиданӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
1 июли соли равон роҳбарияти шаҳр бо вазъи корҳои ободониву созандагӣ тавассути лоиҳаҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд амалӣ шуда истодаанд, шинос шуд.
Ҳангоми суҳбат бо сохтмончиён роҳбарияти шаҳр изҳор дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои ободонӣ ҳар яки мо бояд дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анҷом додани амалҳои созанда дар ободонии ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.
Бояд гуфт, ки дар асоси дархости сокинони шаҳри Хоруғ бунёду навсозии иншооти таъиноти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, чороғонкунии кӯчаву пасткӯчаҳо, таъмири роҳҳои пиёдагард дар баъзе маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, корҳои бунёдӣ дар ин самт огоз гардидаанд.
Ин тадбир аз як ҷониб ба ободонии маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз ҷониби дигар ба таъмини истироҳати бофароғати сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






