ҲАДАФ — ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ. Намояндагони Прокуратураи генералӣ бо фаъолияти марказҳои имтиҳонии Маркази миллии тестӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб ва таъмини шаффофияти фаъолият намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти марказҳои имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази милллии тестӣ хабар доданд.
Мақсади шиносоӣ пеш аз ҳама, назорати риояи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо, шароити барои имтиҳонсупории довталабон фароҳамовардашуда ва огоҳонидани шахсони масъули дар ин раванд ҷалбшуда оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб буд.
Ҳангоми суҳбат бо шахсони масъули дар рафти имтиҳонҳо ҷалбшуда, намояндагони Прокуратураи генералӣ дар бораи аҳаммияти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, риояи талаботу қоидаҳои муқарраргардида дар раванди имтиҳонҳо, пешгирӣ аз амалҳои номатлубу қаллобӣ, андешидани чораҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳонҳо таъкид карданд.
«Марказ бояд барои дар сатҳи зарурӣ ва бо рияои қатъии тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардани имтиҳонҳо тамоми чораҳои заруриро андешида, шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таъмин намояд»-иброз доштанд кормандони Прокуратура.
Таъкид карда шуд, ки дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ роҳ дода нашавад. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






