Агентии хизмати давлатӣ: 46 ҳолати қабули хизматчиёни давлатӣ бе баргузории озмун мушоҳида гардид
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҳангоми санҷишҳо ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ ҳангоми интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳо таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ ҷой дорад, мушоҳида гардид. Дар ин хусус имрӯз Директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда риоя нашуда, зимни санҷиш 47 ҳолати ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсилот ҷавобгӯ набудани бархе аз хизматчиёни давлатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мазкур муайян гардид.
«Дар маҷмуъ аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ санадҳои санҷишӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ирсол шуданд»,- изҳор дошт Директори агентӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ошкоршуда тасдиқ шуда, то ин вақт қисми зиёди камбудиҳо бартараф гардиданд. Фаъолият дар ин самт идома дошта, ҷараёни минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳо таҳти назорати Агентии хизмати давлатӣ қарор дода шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






