Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Авросиёии рушд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Авросиёии рушд Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Авросиёии рушд дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҷаласаро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов раисӣ намуда, дар он масъалаҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонки Авросиёии рушд, баҳогузориҳои аудити байналмилалӣ ва аудити дохилии Бонк, тақсимоти фоидаи ин ниҳод, диверсификатсияи сармояи оиномавии он ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Таъкид гардид, ки новобаста ба таъсири вазъи иқтисодию молиявии глобалию минтақавӣ бақияи ҷории сандуқи сармоягузории Бонки Авросиёии рушд 5 миллиард доллари ИМА ва фоидаи Бонк 30,7 миллион долларро ташкил дод.
Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Бонки Авросиёии рушд дар семоҳаи дуюми соли 2024 ба нақша гирифта шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






