Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт дар шаҳри Тошканд иштирок намуд

Июль 10, 2023 18:28

ДУШАНБЕ, 10.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати  рӯ ба тараққӣ, ки ба бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ надорад, инчунин иштирокчии фаъоли конвенсияҳои байналмилалӣ  ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои рушди соҳаи нақлиётро   ҳамаҷониба дастгирӣ  мекунад. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни  мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт, ки 6-7 июли соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид ва ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири нақлиёт дар он иштирок намуд, иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳамзамон ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Узбекистон,  Қирғизистон, Латвия, Дабири кулли ТРАСЕКА*, роҳбарони институтҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин намояндагони тиҷорат дар соҳаи логистика ва нақлиёт иштирок карданд.

Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин баён намуд, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва инфрасохторӣ воситаи асосии таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз  ба ҳама маълум аст, ки барои ба даст овардани натиҷаи ягонаи иқтисодӣ таъмини фаъолияти самараноки нақлиёт ва рушди киштигардӣ бо истифода аз системаи мултимодалӣ, фаъолсозии бахши логистика ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамаи иштирокчиёни ин соҳа муҳим аст.

Номбурда тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи стратегии табдил додани ҷумҳуриро ба минтақаи қулайи транзитӣ эълон намуда, гузаргоҳҳои афзалиятноки тиҷоратӣ ва транзитиро, ки аз қаламрави мо аз шарқ ба ғарб ва  аз шимол ба ҷануб мегузаранд ва аҳамияти байналмилалӣ доранд, муайян сохтааст.

Иттилоъ дода шуд,  ки корҳо оид ба истифодаи самараноки гузаргоҳи мултимодалии «Туркия – Эрон – Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон» бо дастрасӣ ба марзҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳумро имзо карданд, ки татбиқи он барои осон кардани ҳамлу нақли дуҷониба ва бисерҷонибаи байналмилалии автомобилӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин байни Агентии «Туркменавтоулаглари»-и назди Девони вазирони Туркманистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди нақлиёти байналмилалии автомобилӣ  Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.   Ба ҷуз ин,  Туркия ва Эрон низ барои васеъ кардани истифодаи самараноки ин долони нақлиётӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди алоқаи нақлиётии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа» лоиҳаи озмоишии Ҳуҷҷати Транзитии Ҷаҳонӣ (GTrD) рӯнамоӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи татбиқи ин лоиҳа роҳбарони TRACECA*, Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил , Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, инчунин намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии кишварҳои минтақа ва  мамолики хориҷӣ иштирок карданд.

_______________________________

*ТРАСЕКА (TRACECA: transport Corridor Europe Caucasus Asia) барномаи ҳамкории байналмилалӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои шарики ташкили  долони нақлиётӣ Аврупо –Қафқоз — Осиё.

 АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2023 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард