АМАЛИЁТ ОИД БА ИСЛОҲОТИ АНДОЗ. Дар Тоҷикистон шумораи хизматрасониҳои электронӣ ба 81 номгўй расид
ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 5 хизматрасониҳои нави электронӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии онҳо ба 81 номгуй расид. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз, ки имрўз дар Душанбе доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар доираи вазифаҳо ва самтҳои асосии дар «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» пешбинишуда, бо мақсади беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, маъмурикунонии он, боз ҳам зиёд намудани номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатгузории қоғазӣ ва такмилу роҳандозӣ намудани барномаҳои компютерӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Ҷиҳати дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботи андоз иттилоъ дода шуд, ки аз моҳи апрели соли равон платформаи нави «Мушаххаскунии мобилӣ ва имзои электронии рақамӣ» мавриди амал қарор дода шуд. Шумораи субъектҳое, ки ҳисоботҳо ва эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, ба санаи 1 июли соли 2023 ба 158,20 ҳазор расонида шуд ки ин нишондиҳанда дар соли 2019 72,0 ҳазор субъектро ташкил медод.
Таъкид карда шуд, ки бо мақсади бештар намудани муомилоти ғайринақдӣ, дар ҳамкорӣ бо Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо истифода аз QR – рамзҳо ва ҳамёнҳои электронӣ барои васеътар ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳо чораҷўӣ карда шуда, дар натиҷа ба ҳолати 1 июли соли 2023 шумораи истифодабарандагони QR – рамзҳо 19,6 ҳазорро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 ҳазор зиёд мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади содаву осон намудани раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» муҳлати анҷом додани амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ карда шуд. Амали мазкур ҷиҳати давра ба давра афзоиш ёфтани субъектҳои соҳибкорӣ мусоидат намуд: — тибқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1 июли соли 2023 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 345,4 ҳазорро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 5,3 ҳазор зиёд мебошад.
Дар охир таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти «Рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025», аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасониҳо ба андозсупорандагону шаҳрвандон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, рақамикунонии мақомот чораҳои иловагӣ андешида мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки 3 июни соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) ба имзо расонида шудааст. Ҳадафи он мусоидат намудан ба татбиқи амалии «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» мебошад, ки 30 декабри соли 2019 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Мақсад аз татбиқи Барномаи мазкур, ки амалисозии он дар доираи маблағгузории Лоиҳаи «Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз» ба роҳ монда шудааст, боз ҳам содаю дастрас намудани хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, баланд бардоштани интизоми андозсупории онҳо, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, тақвият бахшидан ба ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва беҳтарсозии муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон мебошад. Дар маҷмуъ барои амалӣ намудани ҳадафҳои муқарраршуда аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо намудани 50 млн. долл. ИМА пешбинӣ гардида, азхуднамоии маблағҳо аз соли 2022 оғоз гардидааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар 17 намоишгоҳи дохилию байналмилалӣ муаррифӣ гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 3 ҳазор гектар ҷангалзор бунёд ва барқарор карда шуд
Дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология 259 кони дорои захираҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он






