«АНДАЛЕБ-2023». Дар Данғара даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар озмуни мазкур аъзои ҳакамон аз ҳисоби Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва роҳбарияти ноҳия иштирок доштанд.
Пеш аз оғози фестивал ҳакамон бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия шинос шуданд. Ҳунармандони ноҳия аз рӯи 12 бахши Низомномаи фестивал-озмуни мазкур ба ҳакамон ва тамошобинон ҳунари худро пешниҳод намуданд.
Дар охир аъзои ҳакамон ба намоишномаи ҳунарие, ки ҳунармандони ноҳияи Данғара омода намуда буданд, баҳои баланд доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории он- намоиш додани дастовардҳои ҳунариву фарҳангии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар минтақаи мамлакатро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






