Ҳарорати ҳаво дар Ироқ аз 50 дараҷа ҳам боло меравад

Июль 20, 2023 16:43

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ҳафтаҳои оянда Ироқро мавҷи гармои шадид фаро гирифта,  ҳарорат аз 50 дараҷа ҳам боло равад. Чунин пешгӯиро рӯзи сешанбе Расадхонаи муҳити зист ва иқлими Ироқ «Ироқи сабз» эълон намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

«Ҳафтаи охири моҳи июл ва ҳафтаи аввали моҳи август ҳарорати баландтарин ба 52 дараҷа мерасад», — гуфта шудааст дар изҳороти расадхона.

Тибқи маълумот, ҳарорати баландтарин дар Ироқ моҳи июли соли 2016 дар вилояти ҷанубии Басра сабт шуда, ба 53,6 дараҷа расида буд. Тибқи қонунгузории Ироқ, вақте ки ҳарорати ҳаво то ба 50 дараҷа мерасад, ҳукумат ба вазорату идораҳои худ, ба истиснои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти тиббӣ рухсатӣ пешниҳод менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 20, 2023 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд