Астероиди ба андозаи бинои 20-ошёна аз назди Замин ноаён парвоз кард
ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта астероид ба андозаи бинои 20-ошёна дар наздикии Замин парвоз кард, ки ситорашиносон онро танҳо пас аз ду рӯз пай бурданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Live Science хабар дод.
Тибқи иттилои NASA, астероиде, ки дар наздикии сайёраи мо- тақрибан дар чоряки масофаи байни Замин ва Моҳ парвоз намудааст, ҳоло 2023 NT1 ном бурда мешавад. Санги азиме, ки паҳноиаш тақрибан 60 метр аст, 13 июл аз сайёраи мо гузашта, бо суръати 86,000 км/соат ҳаракат кард, аммо аз сабаби он ки астероид аз ҷониби Офтоб ба Замин парвоз мекард, дурахши ситора телескопҳоеро, ки пас аз парвоз наздик шудани онро чанд муддат мушоҳида менамуданд, тира намуд.
Ситорашиносон то 15 июл астероиди ба андозаи биноро пай набурданд, танҳо ниҳоят телескопи Африқои Ҷанубӣ, ки барои ошкор намудани чунин падидаҳо пешбинӣ шудааст, объекти азимеро, ки дар наздикии сайёраи мо фазоро тарк карда буд, пай бурд.
Тибқи иттилои Маркази сайёраҳои хурди Иттиҳодияи байналмилалии ситорашиносӣ, беш аз даҳ телескопи дигар ин астероидро зуд пай бурдаанд.
Олимон зиёда аз 31 000 астероиди маъруфи наздизаминиро бодиққат назорат мекунанд ва аз хатарҳои марбут ба минтақаи нобинои офтобӣ огоҳ ҳастанд. Барои бартараф кардани ин таҳдид агентии кайҳонии Аврупо бо намояндагии NEOMIR кор мекунад. Моҳвора, ки соли 2030 ба кор андохта мешавад, дар байни Замин ва Офтоб давр мезанад, то астероидҳои калонеро, ки дар дурахши ситораи мо пинҳон шудаанд, кашф кунад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: pixabay.com








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






