Аз 1 июл маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июли соли равон маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зиёд гардидани маош дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» амалӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси ҳамин фармон аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 зиёд намудани маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардида буд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






