Аз 10 июл дар Душанбе басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 июл дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 948 нафар, дар 36 адад майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва бо фарогирии 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар 4 баст тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023» 10 352 нафар-4192 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ аз 12 июн то 16 августи соли 2023 бо давомнокии 11 рӯз ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»






